“Арсенал” дар даҳаи охири бозӣ “МЮ” –ро мағлуб кард

Дар доираи бозиҳои даври 4-уми чемпионати Англия дастаҳои “Арсенал” ва “Манчестер Юнайтед” андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эмирейтс” –и шаҳри Лондон дар ҳузури 60 192 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди лондониҳо анҷом ёфт.
Голҳоро дар ҳайти “Арсенал” – Мартин Эдегор, Деклан Райс ва Габриэл Жузус ба самар расониданд. Аз ҳайати “девҳои сурх” ҳамлагари англис Маркус Рэшфорд гол зад. Голи Алехандро Гарначо дар дақиқаи 88-уми бозӣ бинобар дар ҳолати нобозӣ буданаш ба инобат гирифта нашуд.
Бо ин ғалаба дастаи “Арсенал” дар ин бозии муҳим соҳиби 3 имтиёзи лозима гардида, бо 10 итмиёз ба зинаи 5-уми ҷадвали мусобиқа баромад. “Манчестер Юнайтед” ҳоло бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мавқеи 11-ум аст. Дастаи “Манчестер Сити” бо 12 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот аст.
Ҳамакнун, дар даври оянда “Арсенал” бо “Эвертон” рӯзи 17-уми сентябр ва “Манчестер Юнайтед” рӯзи 16-уми сентябр бо “Брайтон” бозӣ мекунад.