“Арсенал” дар дербии Лондон “Челси”-ро шикаст дод

“Арсенал” дар дербии Лондон “Челси”-ро шикаст дод

Бозии даври 28-уми Премйер-лигаи Англия миёни дастаҳои “Арсенал” ва “Челси” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Эмирейтс” баргузор шуда, бо пирӯзии “Арсенал” бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Бозиро довар Даррен Ингланд ҳакамӣ кард.

Ҳисоб дар дақиқаи 21-ум аз ҷониби Вилям Салиба ба фоидаи “Арсенал” кушода шуд. Дар дақиқаи 45+2 Пйеро Инкапйе иштибоҳан тӯбро ба дарвозаи худ равон карда, ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 66-ум Юрриен Тимбер голи дуюми мизбононро зада, бартариро дубора барқарор кард. Дар дақиқаи 70-ум вазъияти “Челси” боз ҳам мушкилтар шуд — Педру Нету барои гирифтани корти дуюми зард аз майдон хориҷ гардид.

Ҳоло пас аз ин пирӯзӣ “Арсенал” бо 64 имтиёз садри ҷадвали чемпионати Англияро ишғол мекунад. “Челси” бо 45 имтиёз дар зинаи шашум қарор дорад.

Дар даври навбатӣ “Арсенал” рӯзи 4 март дар сафар бо “Брайтон” бозӣ мекунад. “Челси” ҳамон рӯз меҳмони “Астон Вилла” хоҳад шуд.