“Арсенал” дар меҳмонӣ бо “Атлетико” мусовӣ намуд
Бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА миёни “Атлетико Мадрид” ва “Арсенал” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Метрополитано”-и шаҳри Мадрид баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 44-ум ҳамлагари “Арсенал” Виктор Дёкереш аз пеналтӣ боз кард. Дар қисми дуюм, дар дақиқаи 56-ум форварди соҳибони майдон Хулиан Алварес низ аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро баробар намуд.
Антуан Гризманн аз ҳайати “Атлетико Мадрид” беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд. Мавриди зикр аст, ки "Атлетико Мадрид" дар охири мавсим аз рафтани Гризманн хабар дода буд. Ҳамлагари фаронсавӣ тобистони имсол ба дастаи "Орландо Сити"-и Амрико гузариш мекунад.
Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 5-уми май дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ “Атлетико” муқобили “Барселона” бо ҳисоби умумии 3:2 зафар ёфта буд. “Арсенал” бошад “Спортинг”-ро бо натиҷаи умумии 1:0 мағлуб кард.