“Арсенал” мехоҳад ,ки бо Зинченко тамдиди шартнома кунад
Дастаи “Арсенал”-и Лондон азм дорад, ки бо Александр Зинченко қарордоди ҳамкориро тамдид кунад. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Лондон хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, бар иловаи қарордодҳои нави Мартин Одегор ва Бен Уайт, авлавияти дигари бошгоҳ тавофуқ дар бораи шартҳои созишномаи нав бо ин футболбози 26-солаи украинист.
Зинченко моҳи июли соли 2022 ба “Арсенал” гузашта буд. Бошгоҳи шаҳри Лондон бо Зинченко то соли 2026 шартрнома дорад. Зинченко қаблан дар ҳайати “Манчестер Сити” дар Премйер-Лига бозӣ карда буд.
Дирӯз, 17-уми сентябр, бозии даври 5-уми ПЛА, ки дар он дастаҳои «Эвертон» ва «Арсенал» вохӯрданд, ба анҷом расид. Бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Арсенал” анҷом ёфт. Голи ягонаро дар ин дидор ҳамлагар Леандро Троссард дар дақиқаи 69-ум аз паси Букайо Сака ба самар расонид.