“Арсенал” пас аз 20 сол дигарбора ба финали ЛЧ роҳ ёфт

“Арсенал” пас аз 20 сол дигарбора ба финали ЛЧ роҳ ёфт

Дастаи “Арсенал” дар бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Лигаи чемпионҳои мавсими 2025/2026 бар “Атлетико Мадрид” пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон доир шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.

Голи ягонаи бозиро ҳамлагари “Арсенал” Букайо Сака дар дақиқаи 45-ум ба самар расонид.

Бозии аввал миёни дастаҳо бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд. Бо ҳамин, “Арсенал” бо ҳисоби умумии 2:1 ғолиб омада, аввалин финалисти мусобиқа гардид.

Дастаи таҳти роҳбарии Микел Артета дар финал бо ғолиби ҷуфти “Бавария” ва “Пари Сен-Жермен” рӯ ба рӯ мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали ин ҷуфт дастаи шаҳри Париж бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуда буд.

Охирин финали Лигаи Чемпионҳо барои "тӯпчиён" соли 2006 буд. Дар он бозии ниҳоии мусобиқа “Арсенал” бо “Барселона” рӯбарӯ шуд ва бо ҳисоби 2-1 мағлуб гардид. Ҳимоятгар Сол Кэмпбелл голи ягонаи дастаи шаҳри Лондонро ба самар расонид, дар ҳоле, ки аз сафи “Барселона” Самуэл Это'о ва Ҷулиано Беллетти гол заданд.

Финали Лигаи чемпионҳо рӯзи 30-юми май дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена” дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Пари Сен-Жермен” мебошад, ки дар финал бо ҳисоби 5 бар 0 “Интер”-ро мағлуб карда буд.