“Арсенал" пешсафиро дар ПЛА идома медиҳад
Бозии марказии даври 21-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Арсенал” ва “Ливерпул” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон баргузор шуда, бидуни гол аныом ёфт. Довари асосии бозӣ Энтони Тейлор буд.
Дар ҷараёни бозӣ дастаҳо муваффақ ба задани гол нашуданд. Дар дақиқаи 90+4 ҳимоятгари “Ливерпул” Конор Брэдли ҷароҳат бардошта, натавонист мустақилона майдонро тарк кунад.
Ҳамин тавр, “Ливерпул” натавонист “Арсенал”-ро шикаст диҳад. Дар ҳоле, ки дар оғози мавсим бо голи зебоӣ Доминик Собослаи “Ливерпул” бар “Арсенал” ғолиб омада буд.
Пас аз анҷоми даври 21-уми Премйер-Лига “Арсенал” бо 49 имтиёз дар зинаи якуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Ливерпул” бо 35 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор гирифтааст.
Дар даври навбатӣ “тӯпчиён” рӯзи 17-уми январ бо “Ноттингем Форест” бозӣ мекунанд, дар ҳоле ки ҳамон рӯз “мерсисайдҳо” бо “Бернли” рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.