“Арсенал” пешсафиро дар Премйер-Лига идома медиҳад
Дар доираи бозиҳои даври 14-уми Премйер-Лигаи Англия дастаҳои “Арсенал” ва “Брентфорд” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон дар ҳузури 60 110 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди “Арсенал” хотима ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 11-уми бозӣ Микел Мерино ба фоидаи “Арсенал” кушод. Бен Уайт паси головарро анҷом дод. Дар дақиқаи 90+1-уми бозӣ Букайо Сака голи дуюми “Арсенал”-ро ба дарвозаи “Брентфорд” ба самар расонид. Паси головар марбути номи Микел Мерино гардид.
Ҳамин тавр, “Арсенал” дар мавсими имсола дар ҳама мусобиқаҳо ғалабаи 12-умро дар 13 бозии хонагӣ ба қайд гирифт. Дар ҷадвали мусобиқа шогирдони Микел Артета бо 33 имтиёз дар зинаи аввал мебошанд. “Брентфорд” бо 19 имтиёз дар зинаи 13-ум маскан гирифтааст.
Дар даври оянда, “Арсенал” бо “Астон Вилла” дар сафар рӯзи 6-уми декабр бозӣ мекунад. “Брентфорд” дар ҳамин рӯз дар сафар бо “Тоттенҳэм” вомехӯрад.