«Арсенал» роҳашро ба даври навбатӣ рӯшан кард

«Арсенал» роҳашро ба даври навбатӣ рӯшан кард

Дар рақобати ҷавобии даври чорякниҳоии Лигаи Аврупо дастаи “Славия”-и Прага дар майдони худ тими “Арсенал”-ро қабул кард. Дидори тимҳо дар варзишгоҳи “Эден”-и шаҳри Прага баргузор шуда, бо пирӯзии бузурги меҳмонон бо ҳисоби 4:0 хотима ёфт.

Нахустин шуда, дар дақиқаи 18-уми вохӯрӣ ҳисобро футболбози мизбонон Николя Пепе боз кард. Пас аз се дақиқа меҳмонон бо кӯмаки ҳамлагар Александр Лаказетт натиҷаро 2:0 карданд. Дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгари “Арсенал” Букайо Сака голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонид. Ҳисоби ниҳоиро дар дақиқаи 77-ум Александр Ляказетт гузошта, ба номаш дублро сабт кард. Бояд гуфт, ки бозии аввали дастаҳо дар Лондон бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Ҳамин тавр «Арсенал» аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо бартарии калони 5:1 дастболо шуда, ба даври ½ финал роҳ ёфт. Акнун «Арсенал» дар нимфинал бо «Вилярреал» рӯ ба рӯ мешавад.