Артем Довбик ҷоизаи беҳтарин нишонзани мавсими гузашта дар Ла Лигаро гирифт
Ҳамлагари дастаи «Рома» - Артем Довбик, ки мавсими гузашта дар тими «Жирона» бозӣ мекард, ҷоизаи беҳтарин нишонзани Ла Лигаро аз рӯзномаи испании Marca гирифт.
Дар мавсими гузашта, Довбик аз ҳайати “Жирона” 24 гол зада, беҳтарин нишонзани чемпионати Испания гардида буд.
Ҷоизаи беҳтарин мураббии Ла Лига дар охири мавсими гузашта ба сармураббии дастаи “Жирона” – Мишел дода шуд.
Футболбози беҳтарин ба назари мухлисон нимҳимоятгари “Бетис” Иско дониста шуд.