Артета: “Интизори рӯзӣ бозӣ бо “ПСЖ” ҳастем...”

Артета: “Интизори рӯзӣ бозӣ бо “ПСЖ” ҳастем...”

Сармураббии дастаи “Арсенал” Микел Артета оиди бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо муқобили “ПСЖ” ибрози назар намуд. Бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими шаҳри Париж хотима ёфта буд.

"Ҳаяҷон, ғазаб, хоҳиши зудтар фаро расидани ин рӯз, [эҳсосоте], ки шумо хеле омода ҳастед, хеле боварӣ доред ва медонед, ки шумо имкони бозӣ дар финали Лигаи Чемпионҳоро доред. Ҳоло, ки шумо ба ин нуқта расидед, шумо бояд ҷони худро барои ин фидо кунед.

Ман мебинам, ки даста мубориза мебарад ва ин маро ғазаб мекунад. Зеро мо бартариҳои зиёд дорем, аммо он рӯз бозӣ хеле пуршиддат буд ва мо пирӯз шуда натавонистем. Аммо ман дар бораи вохӯрии дуюм хеле хушбин ҳастам "- фишурдаи суханонии Артетаро нашрияи ESPN иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳои “ПСЖ” ва “Арсенал” рӯзи 7 –уми май дар шаҳри Париж баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

ТВ "Варзиш"