Артета: “Мо таърих сохтему ба финал расидем!”

Артета: “Мо таърих сохтему ба финал расидем!”

Сармураббии бошгоҳи “Арсенал” Микел Артета пас аз роҳ ёфтани дастааш ба финали Лигаи чемпионҳои Аврупо изҳори назар кард.

“Ин як шаби боварнокарданист. Мо ҳама якҷо таърих сохтему ман барои ҳамаи онҳое, ки ба ин дастовард саҳм гузоштанд, хеле хушҳолам. Мухлисон моро ба таври хос ва нотакрор истиқбол гирифтанд — имрӯз варзишгоҳ фазои тамоман дигар дошт. Мо хуб дарк мекардем, ки ин бозӣ барои ҳама чӣ қадар аҳамият дорад. Пас аз 20 сол, мо бори дуюм дар таърихи клуб ба финали Лигаи чемпионҳо роҳ ёфтем.

Мо дар ҳадафҳои худ муттаҳидем ва ҳамеша барои иҷрои вазифаҳои бузурги клуб талош мекунем. Баъзан бахт ҳамроҳамон буд, аммо бе он ҳам намешавад. Мо хеле заҳмат кашидем, бо ишқ кор кардем ва ба кори худ бовар доштем. Имрӯз подош гирифтем — акнун моро рӯзи махсус дар Будапешт интизор аст”, — гуфт Артета.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии ҷавобии нимниҳоӣ “Арсенал” бо ҳисоби 1:0 бар “Атлетико Мадрид” пирӯз шуд. Бозии аввал миёни дастаҳо бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.

Ҳамин тавр, “Арсенал” ба финали мусобиқа роҳ ёфта, бо ғолиби ҷуфти “Бавария” ва “Пари Сен-Жермен” барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.