Ҳарви Барнс муаллифи голи таърихӣ дар ПЛА шуд

Ҳарви Барнс муаллифи голи таърихӣ дар ПЛА шуд

Бозии даври 21-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои "Нюкасл Юнайтед" ва "Лидс Юнайтед" ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи "Сент-Ҷеймс Парк" –и шаҳри Нюкасл баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба суди тими мизбон анҷом ёфт. Майкл Солсбери довари асосии вохӯрӣ буд.

Ҳарви Барнс дар дақиқаҳои 36-ум, 90+12-ум, Жоэлинтон дар дақиқаи 54-ум ва Бруно Гимарайнс дар дақиқаи 90+1-ум аз пеналтӣ голҳоро аз ҳайати “Нюкасл” ба самар расониданд. Голҳои “Лидс”-ро Бренден Эронсон дар дақиқаи 32-юм, 79-ум ва Доминик Калверт-Люин дар дақиқаи 45+5-ум аз пеналтӣ марбути номи хеш намуданд.

Голи Харви Барнс барои “Нюкасл” дар бозӣ муқобили “Лидс”, ки дар дақиқаи 102-юм (101:48) зада шуд, дертарин голи ғалабаовар дар таърихи Премйер-Лигаи Англия ба ҳисоб меравад. Дар ин бора саҳифаи OptaJoe дар шабакаи иҷтимоии X хабар медиҳад. Ин рекорд аз замони оғози сабти чунин оморҳо, яъне аз мавсими 2006/2007, ба қайд гирифта шудааст.

Айни ҳол “Нюкасл” бо 32 имтиёз дар зинаи шашуми ҷадвали чемпионати Англия қарор дорад. “Лидс” бо 22 имтиёз дар ҷойи 16-ум қарор гирифтааст.

Дар даври навбатии чемпионати Англия “Нюкасл” рӯзи 18-уми январ бо “Вулверхэмптон” бозӣ мекунад. Оғози вохӯрӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе муқаррар шудааст. Пеш аз он, даста рӯзи 10 –уми январ дар доираи Ҷоми Англия бо “Борнмут” ва рӯзи 13-уми январ дар Ҷоми Лига бо “Манчестер Сити” рақобат хоҳад кард.