Арзиши чиптаҳои бозии «Реал» ва «Барса» муайян шуданд

Арзиши чиптаҳои бозии «Реал» ва «Барса» муайян шуданд

Чиптаҳои бозии даври 26-уми Ла Лига байни дастаҳои «Реал» – «Барселона» рӯзи 20-уми феврал ба фуруш мебароянд. Арзиши чиптаҳо аз 96 то 410 евро муқаррар шудаанд. Нархи VIP-чиптаҳо бошад, 1600 евроро ташкил медиҳанд.

Бозии Реал» – «Барса» санаи 1-уми март дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и шаҳри Мадрид соати 00:55 бо вақти Душанбе доир мешавад.