Асадуллоев ва Шеров барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои Осиёӣ-2026
Имрӯз, дар рӯзи 13-уми Бозиҳои Осиёӣ -2026 дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон ҷудокорони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев ва Абубакр Шеров ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил шуданд.
Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг дар даври аввал ғалабаро муқобили намояндаи Шри-Ланка - Рапиалаге Чамара ба даст оварда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Асадуллоев бар намояндаи Филиппин - Габриэл Бенедикт зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад.
Муҳиддин дар ин марҳила бо намояндаи АМА – Казбек Нагучев гӯштин гирифта, мағлуб шуд ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ ғалабаро муқобили намояндаи Муғулистон - Энхдул Лхaмаа ба даст овард.
Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг дар даври аввал намояндаи Фаластин - Сувайб Муайядро шикаст дода, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи Ӯзбекистон – Арслонбек Тоҷиев зафар ёфт. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Шеров ғалабаро бар намояндаи Эрон – Илёс Парҳизгар ба даст оварда, дар даври нимниҳоӣ бо Адилет Алмат аз Қазоқистон гӯштин гирифт. Дар ин рақобат Шеров аз Алмат шикаст хӯрда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар намояндаи Баҳрайн - Аскерби Гербеков зафар ёфт.
Қобили зикр аст, ки корвони варзишии Тоҷикистон то имрӯз дар мусобиқаи мазкур соҳиби 2 медали тилло, 3 нуқра ва 7 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 19-умро ишғол мекунад.
Медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) ва Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс , Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш ва Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 46 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 10 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ мебошад.