Ҷашн муборак родмардони Ватан!

Ҷашн муборак родмардони Ватан!

Аритиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, сипари боэътимоди давлат буда баҳри таъмини амнияту суботи сокинони он нақши боризу муҳим дорад. Қатъи назар аз мушкилиҳои зиёд дар давраи вазнини солҳои 90-уми асри гузашта бо ба эътибор гирифтани ҳамин омил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Артиши миллии Тоҷикистон замина гузоштанд. Инак, давоми 28 соли охир 23-юми февралро сокинони Тоҷикистони биҳиштосо чун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Шуруъ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор кардани сохти конститутсионию ҳокимияти қонунӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имтиҳони ҷиддии давраҳои мураккаби таърихиро сарбаландони паси сар намуд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯсти асил будани худро собит намуданд. Имрўз, Артиши миллӣ нерӯи қодир дар ҳимояи давлату миллат эътироф гардида, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ ҳимоятгари марзу буми Ватан, таъмингари амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат мебошанд.

Дар ин рӯзи пур аз фараҳу шодӣ кулли кормандони МД ТВ “Варзиш” ба Шумо сарбаландиву некномӣ, оромиву осудагӣ, комёбиҳои беназир ва тамоми хушиҳои рўзгорро таманно дорад.

Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, родмардони Ватан!