Ашраф Ҳакимӣ имрӯз ба дастаи наваш пайваст мешавад

Ашраф Ҳакимӣ имрӯз ба дастаи наваш пайваст мешавад

Дифоъгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал” - Ашраф Ҳакимӣ, ки ҳоло ба таври иҷора дар дастаи “Боруссия Д” ҳунарнамоӣ мекунад, имрӯз ба дастаи “Интер” гузариш хоҳад кард. Чӣ тавре, ки Sky Sport Italia хабар дод, соатҳои наздик “Интер” гузариши Ҳакимиро ба таври расмӣ эълон мекунад. Имрӯз футболбоз аз муоинаи тиббии даста гузашта, шартномаи 5 соларо ба имзо мерасонад.