Аскар Наҷафалиев бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустонро ҳакамӣ мекунад
Ҳайати довароне, ки бозии аввали дӯстона байни дастаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустонро ҳакамӣ мекунад, маълум шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Ӯзбекистон таъйин гардид. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Бахтиёрхӯҷа Шавкатов ва Руслан Серазетдинов кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА аз Тоҷикистон Амирҷон Хоркашев иҷро хоҳад кард. Назорати кори ҳайати доварон ба уҳдаи Рустам Абдуллоев гузошта шуда, Фаридун Аттоев комиссари бозӣ интихоб гардид.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон 5 июн дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода соати 20:00 оғоз мешавад. Ин нахустин бозии сармураббии нави дастаи миллӣ мутахассиси македонӣ Игор Ангеловский дар ҳайати мунтахаби кишвар хоҳад буд.
Пас аз 15 сол тими миллии Тоҷикистон боз дар майдони шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунад. Бори охир мунтахаби мо соли 2011 дар ин шаҳр муқобили тими миллии Ӯзбекистон бозӣ карда буд. Акнун мухлисон бори дигар имконият пайдо мекунанд, ки дастаи асосии кишварро дар Турсунзода аз наздик тамошо кунанд.
Қобили зикр аст, ки охирин маротиба дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон моҳи августи соли 2025 дар шаҳри Ҳисор дар мусобиқаи CAFA Nations Cup бозӣ карда буданд, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи меҳмон анҷом ёфта буд.
