Аслан Каратсев бо музаффарият US Open 2023-ро оғоз кард

Аслан Каратсев  бо  музаффарият US Open  2023-ро  оғоз кард

Теннисбози рус Аслан Каратсев мусобиқаи кушоди US Open 2023-ро бо пирӯзӣ оғоз кард. Ӯ дар даври аввал намояндаи Чехия - Иржи Легечкаро бо ҳисоби 6:3, 6:3, 6:3 шикаст дод.

Давомнокии вохӯрӣ 2 соату 1 дақиқа буд. Дар ин муддат Каратсев ҳашт эйсро ба ҷо оварда, як хатои дукарата кард ва аз 14 брейк-пункт 6-тоашро баровард.

Каратсев дар даври дуюм бо варзишгари испанӣ Роберто Карбалес-Баена, ки дар даври аввал бар Ҳолгер Руне пирӯз шуд, вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки US Open аз 28 –уми август то 10 –уми сентябр давом мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккаса байни мардон 65 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқот Карлос Алкараси испанӣ мебошад, ки соли гузашта, дар бозии ниҳоӣ бар Каспер Рууд аз Норвегия пирӯз шуда буд.