Аспиликуэта дар ҳайати дастаи “Челси” боқӣ мемонад

Аспиликуэта дар ҳайати дастаи “Челси” боқӣ мемонад

Дифоъгари 32 солаи испанӣ Сезар Аспиликуэта эҳтимол дорад, ки дар равзанаи гузариши тобистона дар ҳайати “Челси” боқӣ бимонад, новобаста аз кӯшишҳое, ки бошгоҳи “Барселона” барои ба даст овардани ин футболбоз карда истодааст.

Тавре нашрияи бритониёии " The Times" хабар дарҷ кардааст, соҳибмулки нави дастаи лондонӣ Тодд Боули барои ин гузариш розӣ нашудааст.

Шартномаи феълии футболбоз дар ҳайати “Челси” то 30-юми июни соли 2023 амал мекунад. Portal Trasnfermarkt арзиши бозигарро 9 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Аспиликуэта дар мавсими гузашта, дар тамоми мусобиқаҳо 47 бозӣ карда, ба задани 3 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.