Ҷастин Гетҷи аз пирӯзияш зидди Пимблетт ҳайрон мондааст
Ҷастин Гетҷии амрикоӣ - қаҳрамони муваққатии ширкати размии UFC дар вазни сабук (70 кг) гуфт, ки аз муваффақияташ бар Пэдди Пимблетти англис ҳайрон шудааст. Муборизаи онҳо ҳамчун чорабинии асосӣ дар UFC 324 дар Лас Вегас, Невадаи ИМА доир шуд ва бо пирӯзии Гетҷи бо қарори якдилонаи доварон (48-47, 49-46, 49-46) анҷом ёфт.
UFC 2026. UFC 324, Лас Вегас, ИМА
Ҷастин Гейтҷе (Ғ) - Пэдди Пимблетт
Якшанбе, 25 январи соли 2026. 09:00 саҳар ДШБ
Ҷастин Гейтҷи (ИМА) Пэдди Пимблетт (Англия)
"Мураббиён ба ман гуфтанд, ки дар ӯ ҳеҷ чизи махсусе нест, аммо ман ба ин бовар накардам. Ба худам гуфтам, ки ӯ нафари беҳтарине хоҳад буд, ки то кунун мубориза бурдаам ва ман пайваста барои ин муборизаҳо ва имкониятҳо омодагӣ мегирифтам, аммо метавонам бигӯям, ки аз муваффақияти худ ҳайрон шудам", - иқтибос меорад Bloody Elbow аз суханони Гейтҷи.