“Астон Вилла” ғалабаи дуюмашро дар Лигаи Аврупо ба даст овард
Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо дастаҳои “Фейеноорд” ва “Астон Вилла” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Де Куйп”-и шаҳри Роттердам дар ҳузури 42 634 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди тими шаҳри Бирмингем анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати “Астон Вилла” Эмилиано Буэндия дар дақиқаи 61-ум ва Ҷон МакГин дар дақиқаи 79-ум ба самар расониданд.
Ин ғалабаи дуюми “Астон Вилла” дар мавсими имсолаи Лигаи Аврупо маҳсуб мешавад. Дар даври аввал шогирдони Унаи Эмери бар тими “Болоня” бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада буданд. Дастпарварони Робин ван Перси дар даври аввал аз “Брага” бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб гардиданд.
Ҳоло дар ҷадвали умумии мусобиқа “Астон Вилла” бо 6 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Фейеноорд” бидуни имтиёз дар зинаи 35-ум мавқеъ гирифтааст. “Динамо Загреб” бо 6 имтиёз пешсафаи ҷадвали мусобиқа мебошад.
Дар даври сеюми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо тими “Астон Вилла” бо “Гоау Эхед Иглс” ва “Фейеноорд” бо “Панатинаикос” рӯзи 23-юми октябр бозӣ мекунанд.