“Астон Вилла” дар меҳмонӣ “Болоня”-ро мағлуб кард

“Астон Вилла” дар меҳмонӣ “Болоня”-ро мағлуб кард

Бозии аввали марҳилаи чорякниҳоии Лигаи Аврупо миёни дастаҳои “Болоня” ва “Астон Вилла” баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Ренато Далл'Ара” доир гардида, доварии онро Сандро Шерер аз Швейтсария ба уҳда дошт.

Ҳисобро дар дақиқаи 44-ум ҳимоятгари “Астон Вилла” Эзри Конса боз кард. Дар дақиқаи 51-ум Олли Уоткинс голи дуюмро ба самар расонд. Дар дақиқаи 90-ум Ҷонатан Роу ягона голи соҳибони майдонро ба самар расонид. Дар дақиқаи 90+4 боз ҳам Олли Уоткинс гол зада, дубл ба номаш сабт кард.

Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 16-уми апрел дар варзишгоҳи “Вилла Парк” баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои дигари аввали марҳилаи чаҳорякниҳоӣ “Порту” бо “Ноттингем Форест” мусовӣ (1:1), “Брага” бо “Бетис” мусовӣ (1:1) намуда, “Фрайбург” бар “Селта” ғолиб (3:1) омад.