«Аталанта» ба «Латсио» фишор меорад

«Аталанта» ба «Латсио» фишор меорад

Бе шаку шубҳа ин мавсим дастаи «Аталанта» ба яке аз тимҳои пурқуввати Аврупо табдил ёфтааст. Ин бошгоҳ на танҳо дар Серияи А балки дар Лигаи Чемпионҳо низ ҳунарнамоии ҷолибу зебоеро пешкаши мухлисонаш намудааст. Дар даври 31-уми Чемпионати Италия дастаи «Аталанта» дар хонааш тими «Сампдория»-ро пазирӯфт. Вохӯрии тимҳо дар майдони «Атлети Адзурри»-и шаҳри Бергамо доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи «Аталанта» хотима ёфт.

Дар ин рақобат мухлисон танҳо дар қисми дуюми нерусанҷӣ шоҳиди гол гардидаанд. Дар дақиқаи 75-ум Рафаэл Толой ҳисобро боз кард. Пас аз 10 дақиқаи дигар Луис Мурел натиҷаи ин набардро 2:0 намуд. Баъди ин вохӯрӣ дастаи «Аталанта» соҳиби 66 хол шуда, дар зинаи 3-юми ҷадвал қарор дорад. Ҳоло дастаи «Аталанта» барои ишғоли зинаи дуюм ба дастаи «Латсио» (68 хол) фишор меорад.

Чемпионати Италия. Даври 31-ум

«Аталанта» — «Сампдория» — 2:0 (0:0)

Голҳо: Толой, 75 (1:0). Муриэл, 85 (2:0).

«Торино» — «Брешиа» — 3:1 (0:1)

Голҳо: Торрегросса, 21 (0:1). Матею, 48 — (худгол) (1:1). Белотти, 58 (2:1). Дзадза, 86 (3:1).

«Болоня» — «Сассуоло» — 1:2 (0:1)

Голҳо: Берарди, 41 (0:1). Гараслин, 56 (0:2). Барроу, 90+1 (1:2).

«Рома» — «Парма» — 2:1 (1:1)

Голҳо: Куска, 9 —пеналти (0:1). Мхитарян, 43 (1:1). Верету, 57 (2:1).

«Ҷеноа» — «Наполи» — 1:2 (0:1)

Голҳо: Мертенс, 45+1 (0:1). Голданига, 49 (1:1). Лосано, 66 (1:2).

«Фиорентина» — «Каляри» — 0:0