“Аталанта” ягона намояндаи Италия дар марҳилаи ҳаштякниҳоии ЛЧ
Бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “Аталанта”-и Италия ва “Боруссия”-и Дортмунди Олмон ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷевисс — Атлети Адзурри д’Италия” дар шаҳри Бергамо рақобат карданд. Бозиро довари испанӣ Хосе Санчес Мартинес идора намуд. Пирӯзиро бо ҳисоби 4:1 футболбозони дастаи “Аталанта” ба даст оварданд.
Дар дақиқаи 5-ум ҳамлагар Ҷанлука Скамакка “Аталанта”-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 45-ум ҳимоятгар Давиде Дзаппакоста бартарии мизбононро дучанд кард. Дар дақиқаи 57-ум Марио Пашалич голи сеюми “Аталанта”-ро зад. Дар дақиқаи 75-ум ҳамлагари дортмундиҳо Карим Адейеми як тӯбро ҷавоб гардонд. Дар дақиқаи 90+8 нимҳимоятгар Лазар Самарҷич аз зарбаи пеналтӣ истифода бурда, пирӯзии дастаашро аз рӯйи натиҷаи умумии ду бозӣ таъмин кард.
Дар бозии аввал “Аталанта” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд. Ҳамин тариқ, “Аталанта” ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи асосии клубии Аврупо роҳ ёфт. Дар ин марҳила “Аталанта” ягонаи намояндаи Италия ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила “Аталанта” бо “Арсенал” ё “Бавария” рӯ ба рӯ мешавад.