Қатар аввалин шуда ба даври плей-офф роҳ ёфт

Қатар аввалин шуда ба даври плей-офф роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи “А” аз тими Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт” сурат гирифта, бо ягона голи Акрам Афиф анҷом ёфт.

Дастаи мо вохӯриро даҳ нафара ба охир расонд. Дар дақиқаи 81-ум нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов корти сурх гирифт.

Aмадонӣ Камолов корти сурх гирифт ва дар бозӣ бо Лубнон ба мо кӯмак карда наметавонад.

Қатар ҳамчун мизбон аввалин шуда, ба даври плей-офф роҳ ёфт.

Тоҷикистон дар даври охир рӯзи 22-юми январ бо Лубнон баҳри роҳ ёфтан ба даври ҳазфӣ талош мекунад.

Бозиро ҳайати доварон аз Ҷопон ҳакамӣ карданд. Довари марказии рақобат довари ФИФА Ҳироюки Кимураи 41-сола буд, ки аз кори ӯ ҳамагон норозӣ буданд.

Бозии дигари гурӯҳ миёни мунтахабҳои Чин ва Лубнон мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Тоҷикистон бо Чин мусовӣ (0:0) ва Қатар бар Лубнон (3:0) зафар ёфта буд.