“Атлетик” ва “Бетис” бори 36-ум дар Ла Лига мусовӣ карданд
Дар доираи бозиҳои даври 12-уми Ла Лигаи Испания дастаҳои “Атлетик ” ва “Бетис ” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукуҳи “Сан Мамес”-и шаҳри Билбао дар ҳузури 46 898 нафар мухлис баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.
Нимаи аввали бозӣ бидуни гол ва бо бартарии мизбонон аз лиҳози оморҳо паси сар шуд. Барои дастаи “Атлетик” дар нимаи аввали вохӯрӣ фуртсатҳои хубӣ голзани буданд, ки онҳоро Иняки Уилямс, Нико ва Охиан Сансет истифода бурда натавонистанд. Дар ду ҳолат тӯб ба паҳлӯи дарвоза ва дар як ҳолати дигар тӯб ба тири дарвозаи “Бетис” бархӯрд.
Дар нимаи дуюми бозӣ пас аз тағйиротҳо дар ҳайати “Бетис” дар аввалин зарбаи мустақим ҷониби дарвозаи “Атлетик” Пабло Форналс ба задани гол ноил шуд. Ин аввалин голи бозигар дар мавсими имсолаи Ла Лига буд ва ӯ голашро ба қурбониёни офати табиӣ дар Валенсия бахшид.
Дар дақиқаи 68-уми бозӣ Алехандро Беренгер пас аз ҳайати захира ба майдон баромада, ҳисобро баробар кард. Ӯ дар дақиқаи 65-уми дидор Оскар Де Маркосро дар майдон иваз карда буд.
Ҳамин тавр, вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Пас аз мусовӣ ҳоло ҳарду даста бо 19 имтиёзӣ мутаносибан дар мавқеъҳои 6-ум ва 7-уми ҷадвали мусобиқа маскан гирифтаанд. “Барселона” бо 33 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошад.