“Атлетико” аз болои “Арсенал” ба УЕФА шикоят кардааст
Дастаи “Атлетико Мадрид” аз тими “Арсенал”-и шаҳри Лондон ба УЕФА шикоят кардааст. Тавре нашрияи Marca хабар медиҳад, сабаби шикоят набудани оби гарм барои бозигарони дастаи шаҳри Мадрид пас аз тамрин дар варзишгоҳи “Эмирейтс” будааст.
Футболбозони “Атлетико” натавонистанд пас аз тамрин оббозӣ бигиранд. Клуб дар бораи мушкил ба масъулони варзишгоҳ хабар дод, вале дархосташ нодида гирифта шуд. Бозигарон маҷбур шуданд ба меҳмонхонае, ки дар маркази Лондон ҷойгир аст, ба онҷо раванд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври 3-юми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои УЕФА байни “Арсенал” ва “Атлетико” рӯзи 21-уми октябр баргузор мешавад.
ТВ “Варзиш” мустақим бозиро манзури бинандагон мегардонад. Оғози бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе буда, шореҳ Меҳровари Кишвар аст.