“Атлетико” аз Руминия дарвозабон харид!

“Атлетико” аз  Руминия дарвозабон харид!

Дарвозабони дастаи «Рапид» -и Бухарест ва тими миллии Руминия - Хоратсиу Молдован бо бошгоҳи “Атлетико Мадрид” шартнома баст. Бино ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мадрид, созишнома барои 3,5 сол баста шудааст.

Дар мавсими имсола дарвозабони 26-сола дар ҳайати “Рапид” дар ҳама мусобиқаҳо 23 бозӣ анҷом додааст.

Дар соли 2023 Молдован дарвозабони асосии тими миллии Руминия шуд ва дар даври интихобии Евро-2024 8 бозӣ анҷом дода, ба даста роҳхат ба қисми ниҳоии мусобиқаро ба даст овард.