“Атлетико” бори аввал дар 75 соли охир ба дарвозаи “Реал” 5 гол зад
Дербии шаҳри Мадрид миёни дастаҳои “Атлетико” ва “Реал Мадрид” дар даври 7-уми Ла Лигаи Испания ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Метрополитано”-и шаҳри Мадрид дар ҳузури 69 167 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 2 ба суди “Атлетико Мадрид” анҷом ёфт.
Аз ҳайати “Атлетико Мадрид” голҳоро Робин Ле Норман дар дақиқаи 14-ум, Александр Серлот дар дақиқаи 45+3-юм, Хулиан Алварес дар дақиқаҳои 51-ум, 63-юм ва Антуан Гризманн дар дақиқаи 90+3-юм ба самар расониданд.
Аз ҳайати “Реал Мадрид” голҳоро Килиан Мбаппе дар дақиқаи 25-ум ва Арда Гюлер дар дақиқаи 36-ум ба ҳадаф расониданд.
Ин аввалин бохти “Реал Мадрид” дар мавсими нави Ла Лига мебошад. Ин бохт дар дербии Мадрид боис шуд, ки “Реал Мадрид” садри ҷадвалро ба рақиби асосии худ “Барселона” диҳад.
Ҳамчунин, “Атлетико Мадрид” охирон маротиба соли 1950 ба дарвозаи “Реал Мадрид” ба задани 5 гол даст ёфта буд. Он вохӯрӣ моҳи ноябри соли 1950 дар даври 10-уми Ла Лига доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 6 ба суди “Атлетико Мадрид” хотима ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷадвали мусобиқа “Барселона” бо 19 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Реал Мадрид” бо 18 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Атлетико” бо 12 имтиёз дар зинаи панҷум аст.