“Атлетико” боз имтиёз аз даст дод

“Атлетико” боз имтиёз аз даст дод

Дар даври 24-уми чемпионати Испания дидори дастаҳои “Валенсия” ва “Атлетико” сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо бо натиыаи 2:2 ба анҷом расида, мухлисон дар қисми аввал шоҳиди се ва дар қисми дуюм ду гол шуданд. Ҳисоб аз сӯйи Маркос Лорентедар дақиқаи 15-ум боз шуд. Габриэл Паулиста дар дақиқаи 40-ум натиҷаро баробар кард, аммо Томас Парти дар ду дақиқа мондан то поёни дидор мадридиҳоро ба пеш баровард. Дар ниммаи дуюм тӯби задаи Жоффрей Кондогбиа натиҷаро мусовӣ кард. Дар даври оянда "Валенсия" бо "Реал Сосейдад"ва "Атлетико" бо "Вилярреал" рӯ ба рӯ мешаванд.