«Атлетико» имкони истифодаи силоҳашро аз даст дод

«Атлетико» имкони истифодаи силоҳашро аз даст  дод

Ҳамлавари уругвайӣ “Атлетико” - Луис Суарес ҳангоми тамринҳои дастааш осеб бардоштааст. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии даста Луис Суарес се ҳафта ба майдони рақобатҳо баромада наметавонад. Ҳамин тавр Суарес дар бозиҳои «Бетис» (11 апрел), «Эйбар» (18 апрел), «Уэска» (22 апрел) ва «Атлетик» (25 апрел) иштирок карда наметавонад. Дар ҳоли ҳозир дастаи «Атлетико» бо касби 66 имтиёз садрнишини ҷадвали Ла Лига мебошад.