“Атлетико Мадрид” ба ҳарифонаш раҳм намекунад

“Атлетико Мадрид” ба ҳарифонаш раҳм намекунад

Санаи 13-уми январ дар варзишгоҳи “Ванда Метрополитано” бозии мавқуф гузоштаи даври аввали Ла Лига байни дастаҳои “Атлетико Мадрид” ва “Севиля” доир гардид. Футболбозони мизбон аллакай дар дақиқаи 17-ум ба пеш баромаданд. Баъди паcи Киран Трипйер, Анхел Корреа ба задани гол даст ёфт. Нимаи аввали рақобат бо ҳисоби 1-0 ба анҷом расид.

Дар пайти дуюми майдондорӣ бозингарони дастаи “Севиля” комилан бартари доштанд. Аммо дар задани гол ноком буданд. Футболбозони мизбон бошанд бо истифода аз як имконияти худ дар ин дидор маротибаи дуюм ба дарвозаи “Севиля” гол заданд. Ин навбат Саул Нигес бо истифода аз паси Маркус Лиоренте ҳисобро 2-0 кард. Бозӣ бо ҳамин ҳисоб ба анҷом расид.

Пас аз ин дидор дастаи “Атлетико” бо касби 41 имтиёз дар зинаи аввал боқӣ монд. Бозии мазкур барои дастаи “Атлетико” як василае буд то фарқияти имтиёзҳоро аз дастаҳое, ки таъқибаш мекунанд бештар намояд. Акнун фарқ байни ҷои аввал ва дуюм, ки “Реал Мадрид” дар онҷо аст, 4 имтиёзро дар бар мегирад. Боз бар замми ин дастаи Диего Симеоне ду бозии дигар дар хазинаи худ дорад.