“Атлетико Мадрид” ба даври нимниҳоии Ҷоми Испания баромад

“Атлетико Мадрид” ба даври нимниҳоии Ҷоми Испания баромад

Бошгоҳи «Атлетико Мадрид» дар чорякфиналии Ҷоми Испания бар «Севиля» ғалаба кард - 1:0. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Метрополитано” дар шаҳри Мадрид баргузор шуд.

Дар дақиқаи 26-ум ҳамлагари шаҳри Мадрид - Антуан Гризманн аз пеналтӣ гол зада натавонист. Дар дақиқаи 79-ум Мемфис Депай голи ягонаи дидорро ба самар расонд.

Қаблан дастаҳои «Реал Сосйедад», «Малйорка» ва «Атлетик» ба нимфинал баромада буданд.