"Атлетико" рӯ ба нишеб

"Атлетико" рӯ ба нишеб

Дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Испания дастаи дивизиони сеюм “Културал Леонеса” бошгоҳи “Атлетико”-и Мадридро шикаст дод. Дидори мазкур дар варзишгоҳи «Мунисипал Рейно де Леон» ҷараён гирифта, дар қисми иловагӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон хатм шуд.
Дар вақти асосии бозӣ ғолиб муайян нашуд – 1:1. Ба голи задани ҳамлагари “Атлетико” Анхел Корреа футболбози “Културал” Хулен Кастанйед ҷавоб гуфт. Голи Серхио Бенито дар қисми иловагӣ бошад, ба мизбонон ғалаба овард.