“Атлетико” тилисми “Барселона”-ро дар “Камп Ноу” шикаст

“Атлетико” тилисми “Барселона”-ро  дар “Камп Ноу” шикаст

Бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА миёни “Барселона” ва “Атлетико Мадрид” баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Камп Ноу”-и шаҳри Барселона доир гардида, доварии онро Иштван Ковач аз Руминия ба уҳда дошт.

Дар дақиқаи 44-ум ҳимоятгари “Барселона” Пау Кубарси пас аз қоидавайронкунӣ муқобили Ҷулиано Симеоне корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд. Хулиан Алварес аз зарба ҷаримавӣ голи зебоеро ба самар расонида, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 70-ум Александр Сёрлот голи дуюми “Атлетико”-ро ба самар расонд.

Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 14-уми апрел дар варзишгоҳи “Метрополитано” баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ “Барселона” бар “Нюкасл” бо ҳисоби умумии 8:3 ғолиб омад. “Атлетико” бошад, “Тоттенхэм”-ро бо ҳисоби 7:5 шикаст дода, ба чорякниҳоӣ роҳ ёфтааст.