«Авангард» бо хоккейбозаш шартномаро қатъ кард

«Авангард» бо хоккейбозаш шартномаро қатъ кард

Дастаи «Авангард»-и шаҳри Омск оид ба хоккей бо ҳамлавари швейтсарӣ - Свен Андригетто шартномаи ҳамкориашро қатъ кард. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи мазкур хабар медиҳад. Тибқи шартнома бояд Свен ҳадди ақал то соли 2021 дар даста боқӣ мемонд вале, бинобар сабаби камфаъолияш бо ӯ шартнома қатъ карда шуд. Андригетто моҳи июли соли 2019 ба тими «Авангард» шомил гардида буд.