Ҷавонтарин бозигар дар таърихи Серияи А

Ҷавонтарин бозигар дар таърихи Серияи А

Дар даври 36-уми чемпионати Италия, дастаи “Болоня” дар майдони худ “Ҷеноа”-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 0:2 ба суди меҳмонон хотима ёфт.

Дар дақиқаи 89-уми дидор дар ҳайати “Болоня” Уиздом Амей итолёвӣ, Роберто Сорианоро иваз намуд. Амей дар лаҳзаи ба майдон баромаданаш 15 солу 274 рӯз дошт. Вай ҷавонтарин бозингар дар таърихи Серияи А-и Италия гашт. Тибқи иттилои Tuttomercatoweb, Уиздом Амей ҳамагӣ бо фосилаи 6 рӯз, собиқ рекорди Амедео Амадей (Рома, 1937) ва Пиетро Пеллегри (Генуя, 2016)-ро шикаст.