Австралия маротибаи 4-ум барандаи нишонҳои биринҷии ЧҶ оид ба баскетбол миёни бонувон гардид!

Австралия маротибаи 4-ум барандаи нишонҳои биринҷии ЧҶ оид ба баскетбол миёни бонувон гардид!

Мунтахаби Австралия ҳамчун мизбони Чемпионати Ҷаҳон оид ба баскетбол миёни бонувон тавонист, ки соҳиби нишонҳои биринҷии мусобиқа гардад.

Дар бозӣ барои ба даст овардани нишонҳои биринҷӣ баскетболбозбонувони Австралия бо мунтахаби Канада майдондорӣ карданд. Дар ин бозӣ мизбонон тавонистанд , ки бо ҳисоби 95:65 зафар ёбанд.

Пас аз ин пирӯзӣ  австралияиҳо бори чаҳорум дар таърих барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Ҷаҳон шуданд.

Барои ба даст овардани ҷому нишонҳои заррини мусобиқа тилло Чин ва ИМА ба ҳам меоянд. Рақобати ин мунтахаб имрӯз доир мешавад. Ёдовар мешавем, ки баскетболбозбонувони ИМА қаҳрамони қаблии мусобиқа маҳсуб мешаванд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба баскетбол миёни бонувон

Бозӣ барои ҷои 3-юм

Австралия — Канада — 95:65 (27:21, 24:22, 20:11, 24:11).