Австрия аввалин ғалабаашро дар Евро-2024 ба даст овард

Австрия аввалин ғалабаашро дар Евро-2024 ба даст овард

Рӯзи 21 –уми июн дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и шаҳри Берлин бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Аврупо-2024 миёни дастаҳои мунтахаби Полша ва Австрия баргузор шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи тими миллии Австрия анҷом ёфт.

Дар дақиқаи нуҳум ҳимоятгар Гернот Траунер австриягиҳоро дар ҳисоб ба пеш баровард. Дар дақиқаи 30-юм ҳамлагар Кшиштоф Питек ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 67-ум нимҳимоятгар Кристоф Баумгартнер австриягиҳоро боз ба пеш баровард. Дар дақиқаи 78-ум ҳамлагар Марко Арнаутович пешравии дастаашро афзун намуда, ҳисоби ниҳоии бозиро гузошт.

Мунтахабҳои Полша ва Австрия дар Евро-2024 дар гурӯҳи D бо Нидерланд ва Фаронса рақобат мекунанд. Дар даври 1-ум Полша аз Нидерланд бо ҳисоби 1:2 ва Австрия аз Фаронса бо ҳисоби минималӣ (0:1) шикаст хӯрда буданд. Ҳоло австриягиҳо дар ҳисоб 3 имтиёз доранд ва дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтаанд. Полша бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.