Аввалин ғалабаи «Кингз» дар мавсим

Аввалин ғалабаи «Кингз» дар мавсим

Бошгоҳи «Лос-Анҷелес Кингз» ғалабаи аввалини худро, дар мавсими кунуни мусобиқоти НХЛ дар бозӣ бо дастаи «Калгари Флэймз» ба даст овард. Вохӯрӣ дар майдони «Скотиабанк Саддлдом» -и шаҳри Калгарии Канада доир гардида, дар вақти изофӣ бо ҳисоби 4:3 меҳмонон ғалаба карданд. Дар ҳайати «Кингз» ҳамлавари рустабор Иля Ковалчук ба номи худ, як гол ва ду паси головар сабт намуд. Ин аввалин голи варзишгар дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоб меравад. Дар давари оянда «Лос-Анҷелес Кингз» бо «Ванкувер Кэнакс» санаи 10 октябр дидор анҷом медиҳад. «Калгари Флэймз» 11 октябр бо «Даллас Старз» бозӣ хоҳад кард.