Аввалин ғалабаи “Лейптсиг” дар мавсими имсолаи ЛЧ

Аввалин ғалабаи “Лейптсиг” дар мавсими имсолаи ЛЧ

Дар доираи бозиҳои даври 7-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Лейптсиг” ва “Спортинг” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ред Булл Арена”-и шаҳри Лейптсиг дар ҳузури 33 478 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 19-ум кушода шуд. Бенямин Шешко аз паси головари Давид Раум истифода карда, муаллифи гол гардид. Дар дақиқаи 32-юм Давид Раум гол зад, лек VAR бинобар ҳолати нобозӣ голро бекор намуд.

Беҳтарин нишонзан дар соли 2024 Виктор Дёкереш аз ҳайати “Спортинг” пас аз ба майдон баромадан дар дақиқаи 75-ум ҳисобро баробар намуд. Пас аз 3 дақиқа Юссуф Поулсен бо голаш дар ҳисоб “Лейптсиг”-ро ба пеш баровард ва аввалин ғалабаи тимашро дар мавсими имсолаи Лигаи Чемпионҳо таъмин намуд.

Ҳоло дар ҷадвали умумии мусобиқа “Лейптсиг” бо 3 имтиёз дар зинаи 30-юм аст ва аллакай имкони ба даври плей-офф баромаданро аз даст додааст. “Спортинг” бо 10 имтиёз дар зинаи 23-юм мебошад. “Ливерпул” бо 21 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа аст.