Аввалин ғалабаи “Лидс” дар 16 соли охир

Аввалин ғалабаи “Лидс” дар 16 соли охир

Бозии даври 2-юми ПЛА байни “Лидс” ва “Фулхэм” бо ҳисоби 4-3 хотима ёфт. Ин аввалин ғалабаи дастаи мазкур дар чемпионати Англия баъд аз баргашти он ба ҳисоб меравад.

Ҷараёни бозии дастаҳо тақрибан баробар буд, аммо “Лидс” бо истифодаи оқилона аз имкониятҳои худ ба пирӯзӣ даст ёфт. Голҳои мизбононро Элдер Кошта (2 гол), Клих ва Бэмфорд заданд. Аз дастаи меҳмон Александар Митрович 2 гол ва 1 голи дигарро Бобби Рид ба самар расонданд.