Аввалин ғалабаи “МЮ” дар мавсими имсолаи Лигаи Аврупо

Аввалин ғалабаи “МЮ” дар мавсими имсолаи Лигаи Аврупо

Дар доираи бозиҳои даври 4-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Аврупо дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва ПАОК андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукуҳи “Олд Траффорд” баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Аз ҳайати дастаи “Манчестер Юнайтед” Амад Диаллои 22 сола голҳоро ба самар расонид. Диалло дар дақиқаи 50-юм аз паси голбахши Бруно Фернандеш ва дар дақиқаи 77-ум голи дуюмро ба ҳадаф расонид.

Ин аввалин ғалабаи “Манчестер Юнайтед” дар мавсими имсолаи Лигаи Аврупо буд. Дар се бозии пешина “Девҳои сурх” бо “Твенте” (1:1), “Порту” (3:3), “Фенербахче” (1:1) мусовӣ бозӣ карда буданд.

Ҳоло дар ҷадвали умумии мусобиқа дастаи “Манчестер Юнайтед” бо касби 6 имтиёз дар зинаи 15-ум аст. ПАОК бо 1 имтиёз дар зинаи 33-юм ва “Латсио” бо 12 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.