Аввалин ғалабаи “МЮ” зери роҳнамоии Рубен Аморим
Дар доираи бозиҳои даври панҷуми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Аврупо дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Будё –Глимт” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукуҳи “Олд Траффорд” дар ҳузури 72 985 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи тими шаҳри Манчестер анҷом ёфт.
Дар дақиқаи якуми бозӣ Алехандро Гарначо аз паси головарӣ Расмус Ҳойлунд истифода карда, ҳисобро ба фоидаи “Манчестер Юнайтед” боз кард.
Дар идома дар 4 дақиқаи бозигарони меҳмон 2 тӯб ба дарвозаи “Девҳои сурх” зада, дар ҳисоб ба пеш баромаданд. Голҳоро Хакон Эвйен дар дақиқаи 19-ум ва Филип Зикернагел дар дақиқаи 23-юм ба самар расониданд.
Дар дақиқаи 45-уми бозӣ Расмус Ҳойлунд аз паси головари Нуссаир Мазрауи истифода карда, ҳисобро мусовӣ кард ва дастаҳо ба танаффус рафтанд.
Расмус Ҳойлунд дар оғози нимаи дуюми бозӣ голи ғалабаоварро барои “Манчестер Юнайтед” ба самар расонид. Ин гол дар дақиқаи 50-юми бозӣ зада шуд ва Мануэл Угарте паси голиро марбути номи хеш кард.
Ин аввалин ғалабаи “Манчестер Юнайтед” зери роҳнамоии мутахассиси португалӣ Рубен Аморим буд. Аморим дар бозии дебютии худ ҳамчун сармураббии “Девҳои сурх” бо тими “Испвич Таун” (1:1) натиҷаи мусовиро ба қайд гирифта буд.
Ҳоло пас аз панҷ даври бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар Лигаи Аврупо дастаи “Манчестер Юнайтед” бо 2 ғалаба ва 3 мусовӣ 9 имтиёз дар ҳисоб дошта, дар зинаи 12-ум аст. “Будё –Глимт” бо 7 имтиёз дар зинаи 17-ум аст. “Латсио” бо 13 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.