Аввалин хет-трики Букайо Сака дар ҳайати мунтахаби Англия

Нимҳимоятгари тими мунтахаби Англия - Букайо Сака аввалин маротиба дар ҳайати тими миллӣ хет-трик кард. Мунтахаби Англия дар бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо -2024 муқобили Македонияи Шимолӣ бо ҳисоби 7 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард.
Пас аз аввалин хет-трик дар ҳайати тими миллии Англия Букайо Сака чунин ибрози назар кард:
«Ин эҳсосест, ки ман онро бо сухан ифода карда наметавонам. Ман чизе барои тавсифи он надорам. Ман хеле хурсандам. Мо як бозии хело ҷолиб ва махсусро барои тамошобинон пешкаш кардем. Албатта, вақте ки ман ва Рэшфорд аз паҳлӯҳои канори худ давидем, мо диққати зиёд доштем ва онҳо натавонистанд моро идора кунанд. Дар он ҷо бозӣ кардан ба ман маъқул буд.
Ин мавсими хеле тӯлонӣ буд. Ман онро беҳтар анҷом дода наметавонистам. Вақти истироҳат кардан барои ман ҳоло нест. Мо аз он ки бозии зебоеро барои мухлисонамон нишон додем ва онҳо моро дастгирӣ карданд, хело хушҳолем», - сухагҳои Сакаро Sky Sports иқтибос овардааст.
Ҳоло мунтахаби Англия дар гурӯҳи “С” бо чаор ғалаба ва 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.
Марҳилаи интихобии Евро 2024
Англия – Македонияи Шимолӣ 7:0
Голҳо: Кейн, 29, 73 (пен.), Сака, 38, 47, 51, Решфорд, 45, Филлипс, 64
Англия: Пикфорд, Уокер, Магуайр, Стоунз, Шоу, Александер-Арнолд, Хендерсон (Галлахер, 58), Райс (Филлипс, 59), Сака (Фоден, 59), Кейн (Уилсон, 74), Рэшфорд (Грилиш, 58).
Македонияи Шимолӣ : Димитриевски, Ристовски (Бейтулаи, 46), Велкоски, Зайков (Серафимов, 57), Алиоски, Адеми (Атанасов, 58), Барди (Бабунски, 67), Элмаз, Ашковски, Трайковски (Бабунски, 57), Несторовски.