Аввалин покери Мбаппе дар ҳайати “Реал Мадрид”

Аввалин покери Мбаппе дар ҳайати “Реал Мадрид”

Ҳамлагари фаронсавии дастаи "Реал Мадрид" - Килиан Мбаппе дар сафар зидди “Олимпиакос”-и Юнон дар бозии даври панҷуми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо ба задани чаҳор гол мушарраф гардид.

Мбаппе дар дақиқаҳои 22, 24, 29 ва 60-ум ба задани гол ноил шуд. Ин аввалин покери Мбаппе дар ҳайати “Реал Мадрид” ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, Мбаппе дуюмин бозигари “Реал Мадрид” дар асри 21 шуд, ки дар як бозӣ муаллифи покер шуд. Криштиану Роналду аввалин бозигар аст, ки дар ҳайати “Реал Мадрид” дар асри 21, дар як бозии Лигаи чемпионҳо покер кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки бозии дастаҳои “Олимпиакос” ва “Реал Мадрид” бо ҳисоби 3 бар 4 ба суди шогирдони Хаби Алонсо ҷамъбаст гардид.

Дар ҷадвали умумии мусобиқа, "Реал Мадрид" чорумин пирӯзии худро ба даст оварда, шумораи имтиёзҳояшро ба 12 адад расонид ва дар зинаи панҷум мавқеъ гирифт. "Олимпиакос" ду имтиёз дорад ва дар зинаи 33-юм аст. “Арсенал” бо 15 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки финали Лигаи чемпионҳо дар мавсими 2025/26 рӯзи 30-юми май дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и Будапешт баргузор мешавад. “ПСЖ” қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа аст.