Аввалин суханҳои Кристиан Эриксен баъди сактаи қалб шуданаш

Аввалин суханҳои Кристиан Эриксен баъди сактаи қалб шуданаш

Нимҳимоятгари тими миллии Дания Кристиан Эриксен, саломатии хешро пас аз сактаи қалбӣ дар бозии Евро-2020 бо Финляндия баҳо дод.

«Ташаккур, ман таслим нахоҳам шуд. Ман ҳоло беҳтарам, аммо фаҳмидан мехоҳам, ки чӣ шуд. Ман мехоҳам ба ҳама миннатдории худро барои дастгирӣ изҳор кунам», - гуфт Эриксен.

Бозии Дания ва Финляндия пас аз ҳодиса бо Эриксен қатъ карда шуд ва пас аз якуним соат дубора идома ёфт.