Айаал Белолюбский барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ-2026
Паҳлавони тоҷик Айаал Белолюбский дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аз гӯштини тарзи озод ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил гардид. Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Белолюбский намояндаи мизбон – Ямато Огаваро шикаст дод.
Гӯштингири тоҷик Айаал Белолюбский дар вазни то 57 кг дар даври ҳаштякниҳоӣ рақобатҳоро оғоз кард. Дар ин марҳилаи мусобиқа Белолюбский бар намояндаи Эрон - Алӣ Ҳусейн бо ҳисоби 4:1 ғолиб омада, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Айаал Белолюбский бо ҳисоби 6:2 Ким Сунгвон аз Кореяи Ҷанубиро шикаст дод ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор кард.
Белолюбский дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Ҳиндустон – Аман Аман гӯштин гирифта, бо ҳисоби 14:8 шикаст хӯрд ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ ғалабаро бар намояндаи Ҷопон – Ямато Огава ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки корвони варзишии Тоҷикистон то имрӯз дар мусобиқаи мазкур соҳиби 2 медали тилло, 5 нуқра ва 8 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 22-юмро ишғол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) аз намуди ҷудо, Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) бо Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс , Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш, Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо ва Айаал Белолюбский (57 кг) аз намуди гӯштини тарзи озод соҳиб шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 49 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 12 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ мебошад.