“Аякс” оиди гузариши дарвозабони “Барселона” Тер Штеген эълон кард

“Аякс” оиди гузариши дарвозабони “Барселона” Тер Штеген эълон кард

Хадамоти матбуотии бошгоҳи футболи “Аякс”-и Амстердам оиди имзокунии шартнома бо дарвозабони олмонӣ Марк-Андре тер Штегенро, ки қаблан дар “Барселона” буд, эълон кард. Дарвозабон то охири мавсими ҷорӣ тариқи иҷора ба тими кишвари Нидерланд гузариш анҷом дод.

Тер Штеген аз соли 2014 дар “Барселона” баромад мекард. Ӯ нимаи дуюми мавсими 2025/26-ро дар иҷора дар “Жирона” гузаронд, аммо танҳо аз сабаби ҷароҳат танҳо дар ду рақобат иштирок кард.

“Аякс” мавсими гузашта дар Эредивизия ҷои панҷумро гирифт. Даста дар Ҷоми Нидерланд дар даври 1/8 ниҳоӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид. Ин мавсим бошад “Аякс” дар Лигаи Конференсияҳо бозӣ хоҳад кард.