Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар Чемпионати CAFA-2024

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар Чемпионати CAFA-2024

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини ҳайатро барои мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 17 то 24 август дар Душанбе баргузор мешавад, эълон кард.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гардиданд.

Дар чемпионати наврасони CAFA-2024 аз минтақа шаш даста – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар чемпионати CAFA-2024:

Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»), Анушервон Қурбонзода («Душанбе»), Саидҷон Шарифзода («Шодмон»);

Дифоъгарон: Аҳмаҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Абдуқаюм Фузайлов, Мубориз Мискиншоев, Мустафо Ҳасанбеков (ҳама– «Истиқлол»), Абдусамад Меликмуродов, Мехроҷиддин Розиқов, Зариф Зарифзода (ҳама – «Душанбе»);

Ниммуҳофизатгарон: Идрис Давлатзода («Ленинградетс», Санкт-Петербург), Зикруллоҳ Саъдиев (Академия «Космос», Москва), Ҳайдаршо Худойдодов, Абдулло Ибрагимзода, Фурқон Раҳимзода, Баҳодур Назарзода (ҳама – «Душанбе»), Парвиз Бобоназаров («Истиқлол»), Давид Мақсудов («Моҳир»);

Ҳамлагарон: Умед Ҷафоев (ЦСКА, Москва), Муҳаммад Назриев («Истиқлол»), Асадбек Махтумов, Назрулло Ашурализода (ҳарду – «Душанбе»).

Сармураббӣ:  Марко Раҷини.